Дар мулоқоти Баҳодур Шерализода ва Луи Женмин дар қароргоҳи СММ ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши обу иқлим баррасӣ шуданд

Июль 22, 2022 18:21

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аҳамияти ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар самти ҳифзи муҳити зист дар қароргоҳи СММ – шаҳри Ню-Йорк зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон  таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои мухталифи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори иқтисодиёт баҳри расидан ба ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Баҳодур Шерализода доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд. Ҳамзамон муовини Дабири кулли СММ Лиу Женмин нақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карда, саривақтӣ будани ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 таъкид намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2022 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд