Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони гармхонаи нав оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди гармхонаи наву замонавӣ санги асос гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Санги асос бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузошта шуда, раис дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки ташкили гармхонаи нав барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза амри саривақтӣ буда, самараи ҳамкории судманди соҳибкорони тоҷику узбек мебошад.
Гуфта шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ дар ҳоли рушд буда, минбаъд низ ҷонибҳо тарҳҳои муштаракро амалӣ хоҳанд кард.
Иттилоъ дода шуд, ки гармхона аз ҷониби соҳибкор Илҳомҷон Иброҳимов дар якҷогӣ бо сармоягузорон аз Ҷумҳурии Узбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






