Дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари фаъолияти Кумитаи рушди маҳал қарор дорад

Июль 13, 2022 09:36

ДУШАНБЕ, 13.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамои неруи корӣ ва имкониятҳоро баҳри  сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона карда,  дар ин самт корҳои  зиёди ободониву созандагиро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, корҳои таъмири роҳ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини тозагии муҳит, сабзазоркунии маҳал, ҷалби соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ ба созандагӣ ва дар маҷмӯъ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа бомаром идома доранд. Ин матлабро  зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода баён намуд.

«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби Кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд»,-илова кард Кумитаи рушди маҳал.

Дар нишасти хабарии ин ниҳод оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти Кумита  дар шаш моҳи соли равон иттилоъ дода шуда, аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо  ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт  корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шудаанд.

Ҳамзамон Кумита тӯли ин муддат фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва  ВМКБ–ро вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолиятии ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

       АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2022 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд