Дар Шаҳринав бинои иловагии муассисаи таълимии №41 ба истифода дода шуд

Июль 15, 2022 11:00

ШАҲРИНАВ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тошиҳиро ва дигар меҳмонону сокинон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41- и деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Саборо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бинои нави таълимӣ дар доираи лоиҳаи «Барномаи кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ» (GGP) бо харҷи 90 ҳазору 622 доллари амрикоӣ сохта шудааст. Он аз ҳашт синфхона ва як кабинети корӣ иборат буда, синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳои мактабӣ ва тахтаи синфӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.

Абдуқодир Вализода ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии амалишавии лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Аики Тошиҳиро зикр намуд, ки Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон кумаку мусоидат хоҳад кард.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав, дар муассисаи таълимии №41 зиёда аз 478 нафар хонанда таҳсил менамояд. Аз сабаби танг будани синфхонаҳои бинои асосии ин муассиса, мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст дида мешуд. Хушбахтона, бо бунёд гардидани бинои иловагии нав ин мушкилӣ пурра бартараф гардида, 400 нафар хонанда дар бинои нав метавонад дар ду баст дарс хонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳринав бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 54 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 5 иншоот ба соҳаи маориф тааллуқ дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Июль 15, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд