Дар Тоҷикистон барномаи «Суръатбахшандаи миллии технология дар марказҳои амрикоӣ» ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон барномаи миллии таълими технология барои ҷавонон дар нуҳ Маркази амрикоӣ дар саросари кишвар ҷорӣ карда мешавад. Тавассути семинарҳои муқараррӣ ва маҷозӣ, омӯзишҳо ва машқҳои амалӣ дар доираи барнома иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки донишу малакаҳои заруриро барои рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонӣ аз худ кунанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Иҷрокунандаи лоиҳа бояд корҳои зеринро ба ҷо биёварад: 1. Назорат аз болои таҳияи барномаи таълимӣ ва гузарондани курсҳои техникӣ дар нуҳ маконе, ки марокизи амрикоӣ фаъолият мекунанд; 2. Таъмини мувофиқати барномаи таълимии омӯзиш ба талаботи синну сол, ва забон ва шароити маҳаллӣ; 3. Мусоидат ба муошират ва дӯстиву рафоқат байни иштирокчиёни барнома аз манотиқи гуногун бо мақсади ташкили шабакаи ҳамсолон, ки дар оянда ҳамкорӣ карда метавонанд.
Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар ҶТ аз ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ/ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ки дар Тоҷикистон сабти ном шуданд ва таҷрибаи на кам аз сесола дар таҳияи барномаҳо, билхоса таҳияи барномаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотиро доранд, даъват менамояд, ки дархости худро ирсол намоянд. Ташкилотҳо метавонанд бо ташкилотҳои дигар зершартнома банданд, аммо танҳо як ташкилоти ғайритиҷоратӣ ё ғайридавлатӣ гирандаи асосии мукофот шуда метавонад.
Муҳлати охирини ирсоли дархостҳо 5 августи соли 2022.
Ҳама созмонҳое, ки хоҳиш иштирок кардан доранд, метавонанд ба почтаи электронии dushanbeamericanspaces-dl@state.gov паём фиристанд ва ба онлайн-ҷаласаи иттилоотӣ, ки 19 июли соли 2022 баргузор мегардад, даъват шаванд. Ташкилотҳо инчунин метавонанд дар давоми даҳ рӯз пас аз нашри эълони мазкур дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА оид ба имкониятҳои грантӣ саволҳои марбут ба талаботҳоро оид ба таҳияи барнома, ки дар эълони мазкур муқаррар шудаанд, ба забони англисӣ ирсол кунанд. Бахши робита бо ҷомеа ба ҳамаи саволҳои ташкилотҳои манфиатдор тавассути почтаи электронӣ ҷавоб мефиристад.
Бояд гуфт, ки имрӯз рушди ин ё он соҳаро бидуни ҷорӣ намудани технологияҳои нав тасаввур кардан имконнопазир аст. Бинобар ин дар кишвари мо масъалаи инкишоф ва таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиёт мубрам мебошад. Ба технологияҳои нав роҳи васеъ боз гардидааст. Ҳанӯз соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуда буд. Бо фармони дигари Сарвари давлат аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040 дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд.
Ин иқдомҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушду шукуфоии ояндаи кишвар аҳамияти калидӣ доранд, на танҳо таваҷҷуҳи олимони соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиро ба худ ҷалб мекунанд, балки барои рушди технологияхои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи устувор фароҳам меоранд.
АКС: Сафорати ИМА дар ҶТ








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






