Дар Ванҷ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 113 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Июль 11, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 11.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ дар маҷмуъ 113 иншооти ҷашнӣ бунёд  мегардад. Дар ин хусус  дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад, дар ҷаласа таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, масъалаи вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои савдою хизматрасонӣ, зебогардонии роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, безараргардонии корхонаю муассисаҳо, бе талаф ғундоштани ҳосил, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони имсола  баррасӣ гардиданд.


Зикр шуд, ки сокинони ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла соҳибкорон дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди  корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани сарзамини аҷдодиямон бо соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд, вохӯриҳо баргузор менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд