Фирӯз Мирзораҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард

Июль 7, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби гўштини юнонӣ-римии Тоҷикистон Фирӯз Мирзораҷабов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни наврасон то 15-сола ва ҷавонон то 20-сола 2 июл дар шаҳри Манамаи Баҳрайн оғоз гардида, то 10 июли соли равон идома меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -60кг қувваозмоиро аз чорякфинал оғоз карда, бар варзишгари Узбекистон Акмал Ҳамроев ғолиб омад, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Оқил Сулаймонов мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Тайпейи Чин Йонг Сианг Суро шикаст дода, мақоми сеюми ифтихориро сазовор шуд.

Варзишгари дигарамон дар ин равия Шероз Очилов дар вазни -72кг дар чорякфинал аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минсео Оҳ мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Чемпионати Осиё миёни ҷавонон то 20-сола бо қувваозмоиҳо миёни бонувон ва писарон дар гўштини тарзи озод идома меёбад. Миёни писарон як варзишгари мо — Саидасан Ашрафхонов 10 июл дар вазни -74кг гўштин мегирад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 7, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд