ФУТБОЛ. «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо дастаи «Андиҷон»-и Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии сеюми дӯстонаро бо дастаи футболи «Андиҷон»-и шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш дар Узбекистон бозии дуюми дӯстонаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Локомотив»-и шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Навбаҳор»-и Намангон бозӣ карда буд. Вохӯрӣ миёни ин дастаҳо, ки дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба анҷом раcида буд. Голҳоро дар ҳайати дастаҳо Диёр Турапов («Навбаҳор») дар дақиқаи 27-ум ва Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-ум («Истиқлол») аз зарбаи пеналтӣ ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати дастаи футболи «Локомотив»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров бозӣ мекунад.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






