ФУТБОЛ. Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2022 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 8 то 20 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нахустин чемпионати CAFA миёни тимҳои мунтахаби занона панҷ даста -Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат мекунанд.
Барои тими миллии Туркманистон ин нахустин иштирок дар мусобиқаи таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пас аз пандемия хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи Чемпионати CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби занона даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.
Тибқи низомнома, чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни тимҳои занона аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Дар ин рӯзҳо тими занонаи кишвар дар шаҳри Душанбе ҷамъомади омодагӣ-тамринӣ мегузаронад. Ба он сармураббӣ Юсуф Рабиев 30 бозигарро даъват кардааст, ки 23 нафари онҳо ба дархости ниҳоии тим барои ширкат дар Чемпионати CAFA-2022 ворид карда мешаванд.
Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои миллии занона
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон.
Даври 1
8 июл (ҷумъа)
19:00 – Қирғизистон – Эрон
22:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2
11 июл (душанбе)
19:00 – Туркманистон – Қирғизистон
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон
Даври 3
14 июл (панҷшанбе)
19:00 – Узбекистон – Туркманистон
22:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН
Даври 4
17 июл (якшанбе)
19:00 – Эрон – Туркманистон
22:00 – Қирғизистон – Узбекистон
Даври 5
20 июл (чоршанбе)
19:00 – Узбекистон – Эрон
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Акс: ФФТ










Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






