Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Лебапи Туркманистон дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд

Июль 9, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 8 июл мулоқоти онлайнии ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ бо роҳбарияти вилояти Лебапи Туркманистон сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Баррасии раванди иҷрои созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ масъалаи меҳварии мулоқоти мазкур буд.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни ин гуфтугӯ изҳор кард, ки дар таҳкими муносиботи шарикӣ ва дӯстона миёни Тоҷикистону Туркманистон раҳбарони ду давлат нақши калидӣ доранд.

Зимни мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо фаъолият мекунад, ки 25 ҳазор узв дорад. Дар ҳудуди вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки фарзандони туркмантабор бо забони модарии худ таҳсил карда метавонанд. Инчунин беш аз 100 донишҷӯи туркман дар мактабҳои олии мо таҳсил доранд.

Муовини Раиси вилояти Лебапи Туркманистон Шуҳрат Хоҷаназаров дар навбати худ оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Лебапу Хатлон дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ сухан гуфт. Вай зикр кард, ки ҷониби вилояти Лебапи Туркманистон барои барқарор намудани робитаҳои мустақим байни муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, маориф, варзиш ва сайёҳӣ алоқаманд мебошад. “Ҳамзамон, вилояти мо дар самти истеҳсоли маводи сӯзишворию энергетикӣ, коркарди нафту истихроҷи газ, саноати кимиё, матоъҳои шоҳӣ дар Туркманистон пешсаф мебошад, ки дар ин самтҳо низ ҳамкории мутақобилан судмандро бо вилояти Хатлон роҳандозӣ кардан имконпазир аст”,- тазаккур дод Ш. Хоҷаназаров.

Дар ин мулоқоти онлайнӣ ҳамчунин зарфиятҳои иқтисодии вилояти Хатлон муаррифӣ гардида, дар бораи самтҳои ояндадор ва судманди ҳамкорӣ миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо 31 кишвари хориҷӣ ба вилояти Хатлон 624,2 миллион доллари ИМА сармоя ворид шудааст. Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Туркманистон шарикии стратегӣ дошта, беш аз 110 санади батасвибрасида ҳамкории ду кишварро дар самтҳои мухталиф ҳамоҳанг мекунанд. 

                  АКС: МИҲД вилояти Хатлон/АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир баргузор гардид
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Стратегияи нави шарикӣ баррасӣ карда шуд
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Соҳибкор аз Аморати Муттаҳиддаи Араб Марям Алшинасӣ: «Тоҷикон воқеан мардуми меҳмоннавоз, самимӣ ва дорои таъриху фарҳанги қадимӣ мебошанд»
Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об-2025 мавқеи Тоҷикистонро дар самти истифодаи устувори захираҳои об таъкид намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ се протокол ва ду ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар пешбурди лоиҳаҳои стратегӣ дар Амрико баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 184 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар маҷмуъ 52 санад ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар ба имзо расид