Ҷилди аввали китоби «Филмномаҳои Шераки Ориён» ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 11.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Филмномаҳои Шераки Ориён» таҳти чунин унвон аввалин маротиба ҷилди аввали китоби Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик нашр гардид, ки дар он 12 филмнома ҷой дода шудааст.
Тавре нависанда Шераки Ориён дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ду ҷилди дигари китоб дар дасти чоп аст, ки онҳо аз 1600 саҳифа ва зиёда аз сӣ филмномаро дар бар мегиранд.
Бояд гуфт, ки Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ў ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст. Филмҳои вай амсоли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра маъруфу машҳур шудаанд.
Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» («Аспи охирини шаҳр») дар замони шӯравӣ аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида, он дар Кинофестивали Рига (соҳили Балтик) ва Кинофестивали халқии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиб ҷоиза шуда буд. Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивали ЕврАзия, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид.
АКС аз Шераки Ориён








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






