Ҷилди аввали китоби «Филмномаҳои Шераки Ориён» ба табъ расид

11 июл 2022, 10:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Филмномаҳои Шераки Ориён» таҳти чунин унвон аввалин маротиба ҷилди аввали китоби Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик нашр гардид, ки дар он 12 филмнома ҷой дода шудааст.

Тавре нависанда Шераки Ориён дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ду ҷилди дигари китоб  дар дасти чоп аст, ки онҳо аз 1600 саҳифа ва зиёда аз сӣ филмномаро дар бар мегиранд.

Бояд гуфт, ки Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ў ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст.  Филмҳои вай  амсоли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра маъруфу машҳур шудаанд.

Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» («Аспи охирини шаҳр») дар замони шӯравӣ аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида,  он дар Кинофестивали Рига (соҳили Балтик) ва Кинофестивали халқии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиб ҷоиза шуда буд. Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивали ЕврАзия, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид.

АКС аз Шераки Ориён

11 июл 2022, 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»