ИМА талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо хариду фурӯши одамон зикр кард

Июль 20, 2022 16:15

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл Департаменти давлатии ИМА Гузориши солонаи худро оид ба хариду фурӯши одамон дар соли 2022 (PDF) нашр кард, ки дар он вазъи ин соҳа дар 188 кишвари ҷаҳон таҳлил шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар гузориши нав Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии коршиносони Департаменти давлатии ИМА мавқеи худро дар гурӯҳи дуюм (Tier 2) бнигоҳ доштааст, ки аз талошҳои назарраси кишварамон дар мубориза бо хариду фурӯши одамон ва меҳнати маҷбурӣ шаҳодат медиҳад.

Дар Гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумат барои риояи меъёрҳои ҳадди ақалли қонуни ИМА дар бораи ҳифзи қурбониёни хариду фурӯши одамон (Trafficking Victims Protection Act, TVPA) талошҳои назаррас ба харҷ медиҳад. Дар маҷмӯъ Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба давраи ҳисоботии қаблӣ бо назардошти таъсири пандемияи COVID-19 ба қобилияти он дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон талошҳояшро ҷоннок гардонд.

«Ин талошҳо аз пурзӯр намудани тафтиши ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон ва маблағгузории паноҳгоҳ барои қурбониёни хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон иборат буданд. Ҳукумат инчунин Нақшаи нави миллии амал (НАМ) барои солҳои 2022-2024-ро қабул кард, ки бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таҳия ва ба итмом расонида шуд», — омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи коршиносони ИМА, ин талошҳо таъқиб, маҳкум ва ҳукми бештари қочоқбарон ва ҳамчунин муайян кардани қурбониёни нави хариду фурӯши одамонро дарбар мегирифтанд.

Департаменти давлатӣ вазъи мубориза бо хариду фурӯши одамонро дар кишварҳои Гурӯҳи дуюм тавре тавсиф мекунад, ки ҳукуматҳо, гарчанде ки ба стандартҳои ҳадди ақали TVPA пурра ҷавобгӯ нестанд, вале барои мутобиқ кардани қонунгузории худ ва сатҳи мубориза бо хариду фурӯши одамон ба ин меъёрҳо талошҳои назаррас ба харҷ медиҳанд.

Дар Гузориши нав ба ҷуз аз Тоҷикистон ба Гурӯҳи дуюм (сатҳи 2 – кишварҳое, ки ҳукуматҳояшон ба меъёрҳо пурра мутобиқ нестанд, вале барои мутобиқат бо онҳо талошҳои назаррас анҷом медиҳанд) 102 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Бразилия, Юнон, Дания, Миср, Венгрия, Ҳиндустон, Италия, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Словакия, Туркия, Узбекистон ва ғайра шомил мебошанд.

Ба Гурӯҳи якум (кишварҳое, ки ҳукуматҳояшон ба меъёрҳои ҳадди ақалли TVPA оид ба рафъи хариду фурӯши одамон пурра мувофиқат мекунанд) 30 кишвар, аз ҷумла худи ИМА, инчунин Австрия, Австралия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Канада, Чили, Эстония, Финляндия, Фаронса, Гурҷистон ва ғайра дохил шудаанд.

Аммо Афғонистон, Беларус, Камбоҷа, Чин, Эрон, Малайзия, Русия, Туркманистон – дар маҷмӯъ 24 кишвар ба Гурӯҳи сеюм (кишварҳое, ки ҳукуматҳояшон, ба гуфтаи Департаменти давлатии ИМА, ба меъёрҳои ҳадди ақалли TVPA пурра мутобиқ нестанд ва барои мувофиқат бо онҳо саъю кӯшиши ҷиддӣ намекунанд), ворид карда шудаанд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ«Ховар»

  АКС аз манбаъҳои боз

Июль 20, 2022 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад