КФО ба ФФТ барои сатҳи баланди ташкили бозиҳои Ҷоми Конфедератсия-2022 изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили муваффақонаи Мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е», ки аз 24 то 30 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳори сипос намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар номаи расмии Дабири кулли КФО Датук Сери Виндзор Ҷон, ки ба унвони Дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст:
«Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллиро бо ташкили муваффақонаи мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» табрик мегӯем.
Муваффақияти мусобиқот, бешубҳа аз фидокорӣ, заҳмат, талошҳои беандозаи ФФТ ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ дар нигоҳ доштани сатҳи баланди ташкилӣ сарфи назар аз шароити душвор гувоҳӣ медиҳад.
Мо ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои меҳмоннавозии олӣ ба ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳамаи бошгоҳҳои ширкаткунанда, инчунин баҳри чораҳое, ки ҷиҳати таъмини саломатӣ ва некуаҳволии ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа андешида шуданд, миннатдорӣ баён менамоем.
Мо аз Шумо миннатдорем ва ба ҳамкории минбаъда бо Федератсияи футболи Тоҷикистон умед дорем».
Қобили зикр аст, ки Мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» бо ширкати дастаҳои КМВА (Тоҷикистон), «Суғдиёна» (Узбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) аз 24 то 30 июн дар Душанбе барпо гардид.
Дар маҷмуъ шаш вохӯрӣ сурат гирифт. Дар бозиҳо ҳамагӣ 20261 нафар тамошобин ҳузур доштанд. Ғолиби гурӯҳ ноибқаҳрамони Узбекистон дастаи футболи «Суғдиёна» гардид, ки ба финали минтақавӣ роҳ ёфт.
Акс: ФФТ








Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд






