Кумитаи андоз ба блогерон: андоз супоред!
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аксари блогерони тоҷик дидаву дониста аз пардохти андоз саркашӣ мекунанд. Дар ин бора 14 июл зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Кабирзода изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, «ситораҳои интернет» аз мушкилоти қонунгузорӣ истифода мекунанд, аммо вақти вақти онҳо низ ба зудӣ фаро мерасад.
Кабирзода таъкид кард, ки мақомот хуб медонанд, кӣ чӣ қадар даромад ба даст меорад, аммо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон намедиҳанд, ки блогеронро дуруст андозбандӣ намоянд.
«Мо ҳоло таҷрибаи кишварҳои дигарро дар ин замина омӯхта истодаеи ва қонунҳоро такмил хоҳем дод. Чаро як кас бояд [барои даромадҳояш андоз] пардохт кунаду дигаре не?!» – иброз намуд намояндаи Кумитаи андози Тоҷикистон.
Ӯ инчунин тазаккур дод, ки блогерҳо аллкай миллионҳо сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Аз аввали соли 2022 дар кишвар 32 нафар «ситораҳои интернетӣ» ба унвони шахси воқеӣ сабти ном шуда, ба хазина маблағи калон ворид кардаанд.
«Гузоришҳои блогерон то муҳлати охирини пешниҳоди эъломия 18 миллион сомонӣ даромади андозбандишавандаро нишон доданд», — афзуд Кабирзода.
Ёдовар мешавем, ки «ситораҳо»-и шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон муваззаф буданд, то 1 апрел ҳуҷҷатҳоро ба идораи андоз пешниҳод кунанд. Дар эъломияи онҳо бояд маблағи даромадро нишон медоданд. Инчунин бояд зикр кард, ки ҳама гуна даромаде, ки шахсони воқеӣ ба даст меоранд, новобаста аз намуди фаъолият, андозбандӣ мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълум гардид, акнун ҳар кас метавонад дар YouTube, Instagram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ блог таъсис диҳад ва дар он ҷо бо аудиторияи худ муошират кунад. Инро аксарият медонанд.
Тавре блогерони тоҷик ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуданд, даромади воқеие, ки ҳар як блогери навкор метавонад ба он умед кунад, дар як моҳ аз чандсад то ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аммо барои расидан ба ин сатҳи даромад на кам аз як сол лозим аст.
Вале блогерҳои «ситора» шартномаҳои таблиғотӣ мебанданд, тариқи барномаҳои шарикӣ пул кор мекунанд, маҳсулотро таҳти тамғаи шахсӣ мефурӯшанд ва дар як моҳ аз 5 то чандсад ҳазор доллар ба даст меоранд. Дуруст аст, ки чунин даромадро устувор номидан нашояд, зеро агар мавод ёфта натавонед ва теъоди муштариёни ъхудро аз даст додед, даромад ҳам аз даст мероавад…
АКС барои шарҳ аз бойгонӣ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






