МУЖДАИ НЕК! Дар Самарқанд шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» бо забони тоҷикӣ нашр гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Узбекистон бо Маркази миллӣ — мадании тоҷикони Узбекистон шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» моҳи марти соли 2022 аз чоп баромад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ба ҳайати Шӯрои ҷамоатии ин маҷалла шахсиятҳои шинохта, олимон, санъатварон, адибону сиёсатмадорони тоҷики Ҷумҳурии Узбекистон дохил шудаанд. Ҳамзамон ба хотири ҷалби бештари дӯстдорони сухан аз ҳисоби равшанфикрон ва эҷодкорони вилоятҳои тоҷикнишин Шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб гардидааст, ки ба ҳайати он аз шаҳри Тошкент, Фарғонаву Намангон, Ҷиззаху Навоӣ, вилояти Тошкент, вилояти Қашқадарё, Сурхондарё ва Бухоро эҷодкорон шомил шудаанд.
Сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Исмоилзода ва котиби масъул Хоҷа (Норхоҷа Чориев) таъйин гардида, ҳамкорони ин маҷалла Шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Узбекистон дар Самарқанд ва хонаи эҷодии табъу нашри «Маҳорат» мебошанд. Инчунин ҶММ «Бунёдкор авлод» муассиси маҷалла муқаррар шудааст.
Маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» дар Оҷонси ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон номнавис шуда, дар матбааи ҶММ «ELNUR- PRINT» аз чоп баромадааст. Нишонаи маҷалла шаҳри Самарқанд, кӯчаи Анҳор, хонаи 33 буда, суроғааш дар телеграм бо номи @Durdonai_Sharq ва почтаи электрониаш: Durdonai_Sharq@mail.ru мебошад.
Дар саҳифаи аввали маҷалла сармуҳаррир Асадулло Исмоилзода ба мардуми шарифи тоҷики Ҷумҳурии Узбекистон муроҷиат карда, менависад: «Эй ҳамватан, эй ҳамзабон! Эй ҳамдидаи беҳтар аз ҷон. Муждагонӣ диҳед! Инак, орзуи деринтизори мо амалӣ гардид. Дар Узбекистони соҳибистиқлол бори нахуст маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бо забони тоҷикӣ нашр гардид. Равшанфикрони диёрамон солҳои зиёд ин орзуро дар дил мепарвариданд.
Боиси шодмонист, ки ин имконотро Узбекистони нав ба мо ҳадя намуд. Давраи нави зиндагӣ ва эҷод дар Узбекистон фаро расид…. Сарҳадҳо боз шуданд. Бахусус, дӯстии азалии узбекон ва тоҷикон барқарор шуд. Ин ҷост, ки мардумонамон аз ин дилшоданд…
Бо мо бошед, то дурдонаҳои асили Шарқро ҷамъ оварем, аз он ҳам худ баҳравар гардем ва ҳам атрофиён манфиат баранд».
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо шарофати сиёсати фарҳангпарвонаи сарварони ду давлати ҳамҷавор ва дӯст – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои миллатҳои муқими ду кишвар, аз ҷумла тоҷикони Узбекистон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар маркази вилоятҳо хонаҳои дӯстӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо тоҷикон, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо, тоторҳо, русҳо ва дигар қавму миллатҳо бо ҳам омада, анъанаву суннатҳои худро тарғиб менамоянд ва забону фарҳангашонро ҳифз мекунанд.
Маҷалла бо саҳифаи «Адабиёти тоҷики Узбекистон дар давраи Истиқлол» оғоз мешавад ва дар он бахши «Адабиёти навини Тоҷикистон» ҷойгир гардида, масъулони маҷалла кӯшиш кардаанд, ки беҳтарин шеърҳои шоирони Тоҷикистонро интихоб ва пешкаши хонандагони тоҷиктабори Узбекистон намоянд.
Дар маҷалла бахшҳои алоҳидаи «Адабиёти навини Эрон» ва «Адабиёти навини Афғонистон», бахшҳои «Робита», «Адабиётшиносӣ», «Забоншиносӣ», «Нақди адабӣ» ҳам ҷойи худро ёфта, дар онҳо як қатор мақола, пажӯҳиш ва нақду баррасии адабиётшиносону забоншиносони шинохта ворид шуда, ҳусни маҷалларо боз ҳам беҳтар кардаанд.
Муқоваи маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» низ бо завқи баланд ороиш дода шуда, дар рӯйи муқова кори рассоми Самарқанд Алибек Раҳмон «Дарахти ҳаёт» бо шакли ранга ҷой дода шудааст, ки таърихи ин шаҳри куҳанро бо фарҳанги бояш фаро мегирад. Дар дохили муқова акси сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дар дохили муқоваи пушти маҷалла акси сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ нашр шудааст.
Умед аст, маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» дар оянда ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва узбек нақши барҷаста бозида, ба равобити адабии ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид






