ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 35+4 7дараҷа гарм мешавад.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






