ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISTEM-2022». 6 нафар хонандагони тоҷик дар даври финалии он иштирок мекунанд

Июль 22, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 19 июл дар шаҳри Франкфурти Олмон олимпиадаи бонуфузи «ISTEM-2022» ҷараён дорад, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд иштирокчии онанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Хонандагон Меҳроҷ Мамадҷонов, Фарина Маъсумова, Сафархон Ҳасанов, Салимбек Саидаҳматзода, Ясминахон Аҳророва ва Акмалҷон Негматуллоев- ҳамагӣ хонандаи синфи 9 буда, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ ба шаҳри Франкфурт сафарбар гардиданд.

Ин хонандагон дар 3 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал — июни соли равон баргузор гардид, ғолиб омада, ба даври финалии ин олимпиадаи бонуфуз роҳхат гирифтанд.

Дар даври финалии олимпиадаи бонуфуз «ISTEM -2022» аз фанни математика ва технологияи иттилоотӣ қариб 8 ҳазор хонанда аз 93 кишвари дунё иштирок доранд.

Олимпиадаи мазкур то 24 июл идома мекунад.

Ҳамзамон 25 ва 27 июл дар шаҳри Париж Форуми математикони ҷавони ҷаҳон баргузор мегардад, ки дар он хонандагони тоҷик низ ширкат мекунанд.

АКС: маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Июль 22, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид