ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон беш аз 180 корхонаву коргоҳ бо фароҳам овардани қариб 4 ҳазор ҷойи кор бунёд шуданд

Июль 18, 2022 16:26

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба беш аз 19 млрд сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 117,3 фоизро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз Вазири саноат ва технологияи нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир  ба намояндагони расонаҳои хабарӣ  иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 137 корхона бо 1296 ҷойи кор ва 47 коргоҳ бо 2501 ҷойи кор, дар маҷмӯъ 184 корхонаву коргоҳ қариб бо 4 ҳазор ҷойи кор  сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 42 корхона, Хатлон- 43 корхона, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 30 корхона, шаҳри Душанбе- 13 корхона ва дар ВМКБ 9 корхона бунёд гардидаанд.

Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯи намудҳои  фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи саноат зиёда аз 2,4 млрд сомониро ташкил дод.

Бино ба гуфти Вазир, таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми  сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 39 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Зикр шуд, ки корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар ин давра ба маблағи 6,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба 122,4 фоиз ва ё 1,2 млрд сомонӣ расонидаанд. Аз ҷумла, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти и самти соҳа  дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоизро ташкил дод. Корхонаҳои «Зарафшон», «Ширкати металлургии Анзоб», ҶДММ «ТВЕА», «Душанбе саноати кӯҳӣ» ва «Тиллои тоҷик» нақшаи истеҳсоли маҳсулотро барзиёд иҷро намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2022 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад