Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари даргузашти фоҷеавии собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Синдзё Абэ боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид. Ҷониби Тоҷикистон ин суиқасди марговарро қатъиян маҳкум менамояд.
Марҳум бо фаъолияти созандаи худ ҳамчун ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд гардида буд ва дар таъмини зиндагии шоистаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Ҷопон нақши босазо дошт.
Ҷаноби Синдзё Абэ дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопон саҳми шоиста гузошта, бо саъю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо бо номи нек боқӣ хоҳад монд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо шодравон дар ёд дорам ва мо ба шахсияти ӯ эҳтироми арзанда мегузорем.
Дар робита ба ин мусибати гарон аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Ҷопон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






