Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия доир мегарданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.
Ба гуфти М. Саидов, баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 31 марти соли равон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги ФР Олга Любимова баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобит миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ карда, гуфт, ки «табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт». Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва театрии ҳарду ҷониб ба кишварҳои якдигар, инчунин иштирок дар барномаҳои мухталифи байналмилалии фарҳангӣ таъкид гардид.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба- солҳои 2005-2010-2014-2017-2021 баргузор гардидаанд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин маротиба моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буданд, ки дар расми ифтитоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.
АКС аз бойгонӣ








Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад






