Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир мегарданд

Июль 27, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия доир мегарданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.

Ба гуфти М. Саидов, баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 31 марти соли равон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги ФР Олга Любимова баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия  ба мувофиқа расиданд.

Дар мулоқот Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз  пешрафти равобит миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ карда, гуфт, ки  «табодули  фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт».  Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои  мусиқӣ ва театрии ҳарду ҷониб ба кишварҳои якдигар, инчунин иштирок дар барномаҳои мухталифи байналмилалии  фарҳангӣ таъкид гардид.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба- солҳои 2005-2010-2014-2017-2021  баргузор гардидаанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин маротиба  моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буданд, ки дар расми ифтитоҳи он   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 27, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад