РАНИЛ ВИКРАМАСИНГҲ ПРЕЗИДЕНТИ ШРИ-ЛАНКА ИНТИХОБ ШУД. Роҳбари нави давлати ҷазиравии Осиёи Ҷанубӣ ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон майл дорад

Июль 21, 2022 12:20

ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июли соли 2022 Парлумони Шри-Ланка сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат Ранил Викрамасингҳро пас аз истеъфои Готабай Раҷапакса президенти нави кишвар интихоб кард. Викрамасингҳ то охири давраи президентии кунунӣ — моҳи ноябри соли 2024 дар сари қудрат боқӣ мемонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора раиси парлумон Маҳинда Япа Абейвардена хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, В Викрамасингҳ 134 овоз, Даллас Алахапперума 82 ва Анура Кумар Дисанаяка се овоз гирифтаанд.

Ранил Викрамасингҳ собиқадори сиёсати Шри-Ланка буда, таҷрибаи таъсирбахштарин дорад. Вай шаш маротиба ҳукуматро сарварӣ карда, ду маротиба дар интихоботи миллӣ — солҳои 1999 ва 2005 ба курсии президентӣ номзад шуд, аммо ҳарду дафъа низ ноком гардид.

Аслу насаб ва таҳсилот

Ранил Викрамасингҳ 24 марти соли 1949 дар Коломбо, пойтахти Сейлон (аз соли 1972 — Шри-Ланка) таваллуд шудааст. Падари ӯ медиамагнат — Эсмонд Викрамасингҳ солҳои 1966-1968 Институти байналмилалии матбуотро роҳбарӣ мекард. Амакаш — Юниус Ҷаявардене солҳои 1977-1978 Сарвазир ва солҳои 1978-1989 Президенти Шри-Ланка буд.

Викрамасингҳ Коллеҷи шоҳии Коломборо хатм карда, баъдан факултети ҳуқуқи Донишгоҳи Сейлонро хатм намудааст. Соли 1972 ба вай иҷозат дода шуд, ки ба фаъолияти адвокатӣ машғул шавад.

Дар парлумон ва ҳукумат

Дар ибтидои солҳои 1970-ум ӯ ба Ҳизби миллии муттаҳидаи Шри-Ланка (ҲММ), қаноти рост пайваст. Аз он соли 1977 вакили парлумон интихоб шуд (баъдан борҳо дубора интихоб шуд, бори охир соли 2021). Худи ҳамон сол вай вазифаи ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ ва баъд — вазир оид ба кори ҷавонон ва шуғли аҳолиро дар ҳукумате, ки ба он Юниус Ҷаявардене сарварӣ мекард, ишғол намуд. Солҳои 1989-1993 раиси парлумон ва вазири саноат буд.

Соли 1993 президенти Шри-Ланка Дингири Виҷетунге Викрамасингҳро сарвазир таъйин кард, аммо аллакай моҳи ноябри соли 1994 ба далели шикаст хӯрдани Ҳизби миллии муттаҳидаи Шри-Ланка дар интихобот ӯ маҷбур шуд, ки ин мақомро тарк кунад. Дар ҳамон сол ӯ роҳбари Ҳизби миллии муттаҳида шуд ва дар парлумон мухолифинро роҳбарӣ кард. Соли 1999 ӯ ба унвони номзад аз Ҳизби миллии муттаҳида барои курсии президентӣ ширкат кард, аммо аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ намояндаи Ҳизби озодии Шри-Ланка Чандрика Бандаранайке Кумаратунга мақоми олиро ишғол кард (42,7% ба муқобили 51,1%).

Соли 2001 пас аз пирӯзии Ҳизби миллии муттаҳида дар интихобот Ранил Викрамасингҳ бори дуввум сарвазир шуд ва то соли 2004 кор кард. Дар ин давра дастоварди муҳими ӯ созиши оташбас бо «Бабрҳои озодихоҳи Тамил Илом» (ташкилоти тамилӣ, ки аз соли 1976 барои таъсиси давлати мустақили Тамил Илом дар Шри-Ланка мубориза мебурд; соли 2009 барҳам дода шуд) дониста мешавад.

Соли 2005 Ранил Викрамасингҳ ҳамчун номзади Ҳизби миллии муттаҳида бори дигар дар интихоботи президентӣ иштирок намуд, аммо ба Маҳинда Раҷапакса аз Ҳизби озодии Шри-Ланка мағлуб шуд (48,4% ба муқобили 50,2%).

Солҳои 2015-2019 ӯ ба ҳукумате, ки аз ҷониби Ҳизби озодии Шри-Ланка ва Ҳизби миллии муттаҳида ташкил шуда буд, сарварӣ кард. Дар давраи сарвазирии ӯ ММД-и кишвар 4% афзоиш ёфт — аз 80,6 миллиард доллари соли 2015 то 84 миллиард доллар дар соли 2019, сатҳи таваррум ба ҳисоби миёна 3,8 фоизро ташкил дод. Бо дастури Викрамасингҳ дар полис сохторҳо барои тафтиши қаллобии молиявӣ таъсис дода шуданд. Соли 2017 маъмурияти ӯ барномаи «Дурнамоҳо барои соли 2025: роҳи Шри-Ланка ба сӯи шукуфоӣ»-ро оғоз кард. Он ба ташкили минтақаҳои рушди иқтисодӣ нигаронида шуда буд. Ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи маориф вобаста ба ҷорӣ намудани меъёрҳои таълими ғарбӣ дар мактабҳои Шри-Ланка гузаронида шуданд.

Моҳи майи соли 2022, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ президент Готабай Раҷапакса Викрамасингҳро сарвазир таъйин кард. Пас аз ду ҳафта ӯ вазифаи вазири молияро низ ба уҳда гирифт. Дар аввали моҳи июл дар пайи эътирозҳо, ки дар кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, Раҷапакса истеъфои худро эълон карда, кишварро тарк намуд ва 14 июл ваколатҳои президентиро ба Викрамасингҳ интиқол дод (мувофиқи конститутсия, дар сурати холӣ мондани ин мақом то  интихоботи нав иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат сарвазир таъйин мешавад).

Коршиносон ӯро сиёсатмадори дорои ақидаҳои либералии иқтисодӣ меноманд, ӯ қасд дорад бо Хазинаи байналмилалии асъор музокира кунад ва ваъда медиҳад, ки кишварро «то соли оянда ба ҳолати муқаррарӣ» бармегардонад.

Раиси Ҳизби муттаҳидаи байналмилалии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором — «Иттиҳоди демократии Осиё ва Уқёнуси Ором» маҳсуб мешавад.

Ӯ мухлиси мусиқии классикии сингалӣ аст. Пайрави дини буддоӣ буда, оиладор мебошад.

Ранил Викрамасингх ва Тоҷикистон

12 декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бандаранайкеи пойтахти ин давлат шаҳри Коломбо, ки бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ оро ёфта, аз ду ҷониби роҳрав Горди фахрӣ саф ороста буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳ, инчунин ҳайатҳои расмии ҳар ду давлат самимона истиқбол гирифтанд.

Баъди анҷоми муқаррароти истиқбол дар фурудгоҳ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо орзуҳои шукуфои беш аз беш ва таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Шри –Ланка дар Китоби тиллоии меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.

Ин на танҳо як сафари давлатӣ, балки нахустин сафари Президенти  Тоҷикистон ба ин давлати ҷазиравии Осиёи Ҷанубӣ буд.

Дар доираи сафар миёни Тоҷикистон ва Шри-Ланка шаш созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла, Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Шри-Ланка ба имзо расиданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар на танҳо бо Президенти Шри-Ланка, балки бо Сарвазири ин кишвар Ранил Викрамасингх низ мулоқот ва гуфтушунид намуданд, ки зимни онҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати нассоҷӣ, коркарди захираҳои табиӣ, саноати туризм ва инфрасохтори он, инчунин илму фарҳанг табодули афкор намуданд.


Дар шаҳри Коломбо бо мусоидати Сарвазири Шри-Ланка Ранил Викрамасингх ҳамчунин мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» навишта буд, Сарвари давлат ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Шри-Ланка имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Инчунин аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Шри-Ланка даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаҳои асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва алюминийи аввалия, ҳамчунин рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ, ки ба шарикони байналмилалӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоваранд, иштирок намоянд.

Дар навбати худ, Ранил Викрамасингх омодагии ҳукумати Шри-Ланкаро барои ба роҳ мондани ҳамкории наздик бо Тоҷикистон дар ҳамаи ин соҳаҳо изҳор дошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2022 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод
Бахтовар Сафарзода: «Муносибати Тоҷикистон ва Беларус дар сатҳи баланди боварӣ ва дӯстии дуҷониба қарор дорад»
Раванди амалишавии лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд