Саъдӣ Каримзода дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Июль 7, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 ва 6 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар ҷаласаи вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисоди мудири кулли Созмони ҳамкори иқтисодӣ, вазирони кишоварзии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон, муовинони вазири кишоварзии Покистон, Туркманистон, Эрон, роҳбари Дафтари зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқворӣ ва дигар ҳайатҳои расмии созмонҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Дар баробари иштирок дар ҷаласаи расмӣ инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони кишоварзии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркия, Узбекистон ва мудири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид.

Зимни мулоқот бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Ербол Карашукеев ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда дар соҳаи бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо ҷалби бахши хусусӣ ва воридоти гандуми тухмӣ ва хӯрока ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон то ба ҳадди 200 ҳазор тонна афзоиш додани содироти пиёзи барвақтӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ тақвият медиҳанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири тақвияти ҳамкорӣ миёни бахши хусусии якдигар рӯйхати ширкатҳои содиркунандаро ирсол менамоянд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Вазири кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Ҷумҳурии Туркия Ваҳид Киришчи доир ба ташкили ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи киршоварзӣ миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистону Туркия, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тухмипарварӣ, амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, табодули таҷриба миёни мутахассисон ва афзоши содироти маҳсулоти кишоварзӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи бештар дода шуд.

Иштирокдорон барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҳамдигар дар соҳаи кишоварзӣ омода буда, барои дар амал татбиқ гардидани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Ҳамчунин дар ҳошияи вохурӣ бо мизбони ҷаласаи вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Жамшид Хожаев ҷонибҳо масъалаи тезонидани раванди бунёди «Боғи Дӯстӣ» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сармоягузории Узбекистон, сохтмони маркази хурди коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва кушода шудани намояндагии ширкати AKIS дар вилояти Суғдро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки масъалаҳои техникии бунёди «Боғи Дӯстӣ»-ро то мавсими ниҳолшинонӣ ҳал намуда, ҷониби тоҷикистонӣ макон барои ҷойгир намудани намояндагии ширкати AKIS ва макони мувофиқро барои сохтмони Маркази коркарди маҳсулот дар Тоҷикистон дар муҳлатҳои кутоҳтарин муайян ва ба ҷониби Узбекистон пешниҳод менамояд.

Дар чаҳорчуби мулоқот бо дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ миёни кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ намуданд.

Дабири кулл пешниҳод намуд, ки мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкории худро бо Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳким бахшида, барои амалӣ намудани Барномаи минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ чораҷӯӣ намуда, дар доираи Барнома аз имкониятҳои давлатҳои аъзои созмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ истифода намояд. Инчунин дархост гардид, ки ниҳоди дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба масъалаҳои байториро ҳарчи зудтар ратификатсия намояд.

Барои иштирок дар 8-умин Конфронси байналмилалӣ оид ба тухмипарварӣ, ки моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мегардад, даъват гардид, ки мутахассисони соҳаи тухмипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Июль 7, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумрук бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Кӯлоб беш аз 26 миллион сомонӣ зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахта 100 фоиз иҷро гардид
БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо корҳои ободонию созандагӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта шинос шуд
Дар ноҳияи Ёвон парвариши лимӯ ва апелсин бо риояи талаботи зарурии агротехникӣ ба роҳ монда шудааст
Раёсати дар Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Тоҷикистон 9 терминал ва маркази логистикиро ба рӯйхати «бандарҳои хушк»-и ЭСКАТО пешниҳод намуд
ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ба рушди ин соҳа вобаста аст
Дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор мегардад
Раванди иҷро ва мушкилоти рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо баррасӣ гардид