САФОИ «РОҒУН» — ВАФОИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон

Июль 29, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 29.07.202 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди НБО-и «Роғун» ба  татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ–саноатикунонии босуръати Тоҷикистон мусоидат карда, сабаби сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ, ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани мамлакат ва тақвияти мавқеи он дар бозори ҷаҳонӣ мешавад.

Доир ба нақши созандаву тадбирҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО-и «Роғун»  — дар мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод РАҲМОН.  

 Дар ойинаи таърихи башарият нақши Сарвар, Пешво, Роҳбари хирадманду ботадбир, бонуфузу соҳибэътибор, бофазлу дониш, ҷасуру фидокор, қавмдӯсту ҷавонпарвар, пуштибони илму фарҳанг ва санъату ҳунар ҷиҳати ташаккулу такомул ва соҳибтамаддуну соҳибдавлат гардидани ҳар халқу миллат баръало мунъакис мешавад. Бузургмардоне аз табори ориёӣ, монанди Куруши Кабир, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров аз чеҳраҳои мондагоре мебошанд, ки маҳз бо таҷаллии хусусиёти зикршуда зевари таърихи пурифтихори миллати мо ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи зикри ин силсилаи абармардони дунёи сиёсат ва бунёдгузорону равнақбахшони давлатдории миллӣ, бешак, исми шарифи шахсияти барҷаставу бемисли таърихие ҷой мегирад, ки хираду ҷаҳонбинӣ, илми сиёсату фарҳанги идоракунӣ, малакаи муттаҳидсозии гурӯҳҳои оштинопазир, рушдбахшии илму маърифат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро аз аҷдодони пуршарафу оламшумул комил ба мерос гирифта, як кишвари ҷангзадаро ба мамлакати чароғону гулрез ва мардуми хонабардӯшу навмедашро ба шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ, халқи соҳибдавлату эътирофшудаи ҷомеаи маданӣ табдил додаву имрӯзҳо ба ҳайси Пешвои маҳбубу муаззам ва падари дардошнову меҳрубон миллати басаодатрасидаро дар масири рушду пешрафти бемайлон ва корнамоиҳои таърихӣ роҳнамоӣ мекунад.

Азимтарин иншооти аср, лоиҳаи бузурги гидроэнергетикии мамлакат – НБО-и «Роғун» маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, аз ҳаракати чархаҳои сафобахши он соҳаҳои хоҷагидории мамлакат нуру такон гирифта, гӯшаю канори навоҳии дурдаст мунаввар ва дилу дидаҳои мардум пурсурур мегардад.

Вақте таърихномаи НБО-и «Роғун»-ро ҷӯё мешавем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршори монеаҳои табиию сунъӣ дармеёбем. Дар сарчашмаҳо санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин иншооти сафобахш 10 июли соли 1972 дарҷ шудааст. Сохтмони иншоот расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 ҷараён мегирад. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он ба таъхир меафтад. Танҳо баъди чандин соли соҳибистиқлолӣ эҳёи бунёди неругоҳи «Роғун» имконпазир гардид. Агарчи иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, вале мардуми шарифи кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат «масъалаи ҳаёту мамот» будани ин иншооти азими гидроэнергетикиро амиқ дарк намуда, дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастҷамъона ду агрегати он мавриди истифода қарор дода шуда, то имрӯз зиёда аз 4,6 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.

Ҳар сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ҷиҳати боздиди ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва суҳбатҳои самимӣ бо сохтмончиён такони ҷиддиест ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор. Хусусан 29 октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид – рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер, расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳ ҳусни оғоз бахшиданд. Сохтмончиёни ин кохи муҳташами нуру сафо аз вохӯриву суҳбатҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои хирадойини миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муайяншуда дар ҷабҳаҳои гуногуни он садоқатмандона заҳмат мекашанд. Маҳз даъват ва суханони рӯҳбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуълаи рағбату мароми синашикофии кӯҳро дар қалби «Фарҳод»-ҳои тоҷик афзуд ва корро дар корзори «Роғун» тавон бахшид:

Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан,
Бо нидояш ҳамгиро халқу Ватан.

Чунончи аз суханронии Пешвои миллат дар вохӯриашон бо сохтмончиёни неругоҳ аз 13.07.2022 бармеояд, ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳ тайи солҳои 2008-2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 млрд сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъйиноти истеҳсолӣ, инчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд, аммо новобаста аз ин, азми мо ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» қатъӣ буда, бо назардошти аҳаммияти стратегӣ доштани иншооти мазкур ва бо вуҷуди мушкилоти зикршуда Ҳукумати мамлакат дар ду соли охир барои идомаи сохтмон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, маблағгузориро ҷиҳати нигоҳ доштани суръати корҳо таъмин намудааст.

Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар ҷаҳон мақоми ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ – дуюм ва дар Осиёи Марказӣ – якумро ишғол менамояд.

Қобили таъкид аст, ки маҳз бунёди НБО-и «Роғун» ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат карда, боиси сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ, ташкили ҳазорон-ҳазор ҷойҳои нави корӣ, афзудани сатҳи некуаҳволии мардум, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол ва тақвияти мавқеи он дар бозори ҷаҳонӣ мешавад.

Ҳамин тавр, Роғун корзори заҳматҳои самарабахшу рушдбор, мояи эътибору ифтихори ҳар соҳибватан, гавҳари гаронарзиши таърих, ҳастиву шуҷоат ва мардонагиву шарафмандии миллати тоҷик буда, ба таъкиди Пешвои миллат «барои садсолаҳо бунёд мегардад». Чунончи, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Камол Насрулло бисёр хуб ба риштаи тасвир кашидаанд:

Роғун – сафо, Роғун – вафо, Роғун – бақои мо бувад,
Армони чандинасра, уммеди ниёи мо бувад!

Боварии комил дорем, ки мардуми шарафманди кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони корзори нангу номуси миллат, кохи азими нур – “Роғун”-и пурсафо камари ҳиммат баста, бо бунёди пурраи он Тоҷикистони азиз ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ва дурахшу шукӯҳи афзун ворид гашта, наслҳои таърих садсолаҳо аз файзу сафои он баҳраманду сарбаланд хоҳанд буд.

Дилшод РАҲМОН,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Июль 29, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт тақвият медиҳад
ТАҲҚИҚИ ХОК. Баъзе аз кишоварзон бе назардошти маълумоти ташхиси корҳои агрокимёвии хок ва шароити иқлимӣ-иқтисодии минтақа фаъолияти истеҳсолиашонро оғоз менамоянд