Санаи нави Бозиҳои тобистонаи осиёӣ дар Ханчжоуи Чин муайян гардид

Июль 20, 2022 12:28

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои XIX осиёии Ханчжоу-2022, ки моҳи сентябри имсол бояд доир мешуданд, аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханчжоу (музофоти Чжэтсзяни Чини Шарқӣ) баргузор мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Шӯрои олимпии Осиё (ШОА дирӯз, 19 июл) хабар доданд.

Тибқи иттилои ШOA, Бозиҳои XIX осиёӣ, ки бояд аз 10 то 25 сентябри соли 2022 доир мешуданд, аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор мешаванд. Тавре қаблан хабар расида буд, моҳи майи соли равон Шӯрои иҷроияи ШОА тасмим гирифт, ки Бозиҳои XIX осиёии Ханчжоу-2022 ба таъхир гузошта шаванд.

Дар Бозиҳои осиёӣ дар Ханчжоу 40 намуди варзиш, ки 61 риштаро фаро мегиранд, пешниҳод мегарданд. Ғолибони мусобиқаҳо бо 482 медали тилло қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: olympics.com

Июль 20, 2022 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд