Сироҷиддин Икромӣ: Аз 885,5 миллион сомонӣ қарзҳои пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» 50 фоиз ба бонувони соҳибкор дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли равон аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор муштарӣ 885,5 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки дар ин давра қарзҳои пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» ба соҳаҳои саноат 14,7 фоиз, кишоварзӣ 21,5 фоиз, истеъмолӣ 19,8 фоиз, сохтмон 1,4 фоиз, тиҷорат 40,1 фоиз, нақлиёт 0,4 фоиз ва ба соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ 1,7 фоиз рост меоянд. 70 фоизи қарзҳои додашуда ба муштариён бо сомонӣ пешниҳод гардидаанд. Инчунин «Амонатбонк» дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат дар кишвар қарзҳои пешниҳодшударо барои рушди ин соҳа ду банди фоизӣ паст намуд.
Зикр шуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра ба муштариён пешниҳодшуда, яъне аз 885,5 миллион сомонӣ 50 фоиз ё худ беш аз 442 миллион сомонии он ба занони соҳибкор дода шудааст. Аз ин бармеояд, ки занони ҷумҳурӣ ба соҳибкорӣ бештар машғул ва муваффақанд.
Мавриди зикр аст, ки сандуқи қарзии «Амонатбонк» беш аз 1,6 миллиард сомонӣ (бо назардошти қарзҳои ғайринизомӣ) ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 58 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи ин омор, ҳаҷми сандуқи қарзӣ 38 фоиз ва шумораи қарздорон 23 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзудааст.
Сироҷиддин Икромӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шашмоҳаи аввали соли равон ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки «дар ин давра «Амонатбонк» ба зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилот, беш аз 783 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёда аз 1,7 миллион нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ бо теъдоди қариб се ҳазор нафар кормандон дар саросари кишвар хизмат расонидааст».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2196 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид






