Собиқ сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ пас аз сӯиқасд аз олам даргузашт

Июль 8, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ пас аз сӯиқасд ба ҷони ӯ аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «NHK» гузориш дод.

Ба иттилои манбаъ, Синдзо Абэи 69-сола дар беморхонаи Донишгоҳи тиббии Нара аз олам даргузаштааст.

Ӯ тақрибан соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ (7:30 ба вақти Душанбе) ҳангоми намоиши хиёбониаш дар шаҳри Нара мавриди ҳамла қарор гирифт. Шахсе, ки ба ӯ ҳамла кард, аз масофаи даҳ метр ду маротиба ба пушти Синбзо Абэ тир холӣ намудааст. Пас аз тири дуюм собиқ сарвазири Ҷопон ба замин афтод. Дар натиҷа ӯ аз гардан ва қисми сина ҷароҳат бардошт.

Шахси ҷинояткор дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд. Ӯ Тэтсуя Ямагамии 41-сола буда, дар гузашта дар Неруҳои худмуҳофизати баҳрии Ҷопон хидмат кардааст. Ӯ бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор боздошт гардид.

АКС аз сомонаи rua.gr

Июль 8, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид