«Somon Air» дар масири Хуҷанд-Москва-Хуҷанд хатсайри нав ифтитоҳ менамояд

Июль 28, 2022 14:03

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» шурӯъ аз моҳи август парвозҳоро дар масири  Хуҷанд – Москва (Внуково)-Хуҷанд оғоз мекунад. Аввалин парвоз аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуково ва бозгашт 1 август ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» иттилоъ доданд.

Парвозҳо дар ин самт рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе сурат мегиранд.

Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои Хуҷанд – Сургут — Хуҷанд, Душанбе – Самара — Душанбе, Душанбе – Екатеринбург — Душанбе, Душанбе – Новосибирск — Душанбе ва Душанбе – Мюнхен — Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта зиёд намуд. Ҳамин тариқ, аз 1 август ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе аз Хуҷанд ба Сургут парвоз хоҳанд кард. Шурӯъ аз 2 август парвозҳо аз Душанбе ба Самара рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон аз  5 август парвозҳо дар масири Душанбе – Екатеринбург рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе иҷро мегарданд. Аз 6 август сар карда, аз Душанбе ба Новосибирск парвозҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд.

Аз нимаи моҳи август парвозҳо аз Душанбе ба Мюнхен на танҳо рӯзи душанбе, балки рӯзҳои ҷумъа низ иҷро хоҳанд шуд.

Дар баробари ин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 3 август иҷрои парвозҳоро дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд ва аз 4 август дар хатсайрҳои Душанбе – Қазон – Душанбе ва Душанбе – Москва (Жуковский) – Душанбе ба роҳ мемонад.

Парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск ҳафтае як маротиба- рӯзҳои чоршанбе сурат мегиранд. Парвозҳо ба Қазон ва Жуковский — ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

   АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид