Тоҷикистон ва Корея лоиҳаи навро бар зидди биёбоншавии ҷангалҳо ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 28.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея лоиҳаи нави «Баланд бардоштани иқтисодиёти ҷангал ва фермерӣ бо роҳи ташкил кардани плантатсияҳои саноатии хуч, писта ва ҷангалҳо алайҳи биёбоншавӣ дар Тоҷикистон»-ро ба роҳ мемонад. Лоиҳаи мазкур айни замон дар баррасии Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея қарор дорад.
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода дирӯз зимни нишасти матбуотии агентии мазкур иттилоъ дод, ки муҳлати амалишавии ин лоиҳа аз моҳи августи соли 2023 то декабри соли 2027-ро дар бар гирифта, маблағи умумии пешбинишуда 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳои зертобеи агентӣ корҳои бунёду барқарорсозии ҷангалзор дар майдони 1739,9 гектар иҷро гардидаанд, ки аз он бунёди ҷангал дар майдони 584,8 гектар ва барқароркунии он дар майдони 1155,1 гектарро ташкил медиҳад.
«Дар ин давра ба миқдори умумии 52 ҳазору 839 бех ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда, аз қабили санавбар, туя айлант, акатсия, қарағоч, дроки испанӣ, бодоми талхдона, хуч, шулаш, олучаи кӯҳӣ ва дигар намуди ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ шинонида шуда, корҳои нарм кардани бехи ниҳолҳо бо мақсади нигоҳ доштани намӣ ва қисман обмонӣ ба роҳ монда шуда истодаанд»,- илова намуд Абдуҷаббор Юсуфзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






