Вазорати адлия: дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад

Июль 15, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Музаффар Ашӯриён, дар нимсолаи аввал дар баробари таваллуд зиёд шудан, фавт кам ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст. Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзудааст, яъне 1,8 баробар зиёд шуда, соли 2022 10 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.

«Мутахассисон сабабҳои зиёд шудани умри инсонро дар кишварамон ба рушди иқтисодӣ, коҳиш ёфтани фавти кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат, кам шудани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи бомуваффақият бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла сактаи майнаи сар), кам шудани шумораи куштор ва худкушӣ рабт медиҳанд», — илова кард вазир.

Зимнан, Музаффар Ашӯриён аз ҳолати зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ намуд. Ў таъкид сохт, ки дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат 7265 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд мебошад. Бақайдгирии ҷудошавии оилаҳо бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 лоиҳаи қонун ва 3 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд