АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон 5-7 дараҷа паст фаромада, дар Бадахшон борон меборад

Август 20, 2022 13:53

ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 21 август дар саросари ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво аз 5 то 7 дараҷа пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.

Ба иттилои Ҷамила Байдулоева, бо сабаби ҳаракати ҳавои муссонӣ ва таъсири он интизор меравад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои наздик борон борад.

Муовини Директори Агентии обуҳавошиносии кишвар зикр намуд, ки ҳаво рӯзҳои наздик дар водиҳо ва навоҳии тобеи марказ, шаҳри Душанбе то +30+-35 дараҷа ва баъдан то охири моҳ +35+37 дараҷа ва дар қисмати ҷанубии кишвар- вилояти Хатлон +38+39 дараҷа гарм шуда, вазиши чангу ғубор дар назар аст.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона +18+23 дараҷа, рӯзона +31+36 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона +7+12 дараҷа ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона +19+24 дараҷа, рӯзона +35+39 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21 дараҷа ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона +15+20 дараҷа, рӯзона +26+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона +4+9 дараҷа ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 дараҷа, рӯзона +33+39 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона +11+16 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +19+21 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи иттилои обуҳавошиносони мамлакат, 20-21 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 20, 2022 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон