Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел дар манотиқи кӯҳӣ ҳушдор медиҳад

Август 15, 2022 13:06

ДУШАНБЕ, 15.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии кишвар, 16-17 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ омадани сели дорои хусусияти пиряхӣ дар назар аст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.

«Барои пешгирӣ кардани оқибатҳои сел бояд ҷӯю заҳбурҳо аз хошок тоза карда шаванд. Дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ, ба чарогоҳ бурдани чорво ва шикор дар минтақаҳои хатарнок худдорӣ бояд кард», — омадааст дар баёнияи кумитаи мазкур.

Инчунин ронандагон ва дӯстдорони сайёҳии кӯҳӣ, автомобилӣ, мототсиклронӣ ва велосипедрониро зарур аст, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати воситаҳои нақлиётро риоя кунанд.

АКС: КҲФ ва МГ

Август 15, 2022 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд