Ҳайати «Амонатбонк» дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) беш аз шаш масъалаи муҳимро дар соҳаи бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зимни ҷаласаи 18-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкӣ, ки 23-24 август дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд доир гардид, баррасӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (БДА ҶТ) «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯро раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ роҳбарӣ намуда, доир ба нақши ИББ СҲШ дар таҳкими ҳамкории байнибонкӣ суханронӣ кард.
Роҳбарони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба маблағгузории савдо барои рушди гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои аъзои Созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо як қатор санадҳо, аз қабили нақша чорабиниҳои муштарак оид ба дастгирӣ ва рушди ҳамкории дохилиминтақавӣ дар давраи пас аз пандемия ва принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ ба имзо расонида шуданд.
Ба имзо расидани санадҳои мазкур метавонад фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳодро тақвият бахшида, дар самти маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишварҳои аъзои СҲШ мусоидат намояд.
АКС: БДА ҶТ «Амонатбонк»









Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






