ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 5 август Вазорати нақлиёт, Агентии назорати маводи нашъаовар, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 август оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Агентии назорати маводи нашъаовар нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Агентии назорати маводи нашъаовар баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 10:00 дар Вазорати нақлиёт доир мегардад.
Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 15:00 дар Палатаи савдо ва саноат барпо мешавад.
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2022 аз 12 июл оғоз гардида, 5 август ҷамъбаст мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






