Аврупо ва Амрико дар барқарорсозии соҳаи сайёҳӣ пешсафанд
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди таҳаввулоти ҷиддии геополитикӣ ва иқтисодӣ, мардум аз сайру саёҳат худдорӣ намекунанд. Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) гузориш дод, ки пас аз лағви маҳдудияти марбут ба пандемия дар ин соҳа беҳбудии назаррас ба даст омадааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.
Дар панҷ моҳи аввали соли 2022 250 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ марзҳои байналмилалиро убур кардаанд. Соли гузашта дар ин давра ҳамагӣ 77 миллион нафар ба хориҷа сафар карда буданд.
Дар гузориши Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ гуфта мешавад, ки ин соҳа тадриҷан барқарор шуда, ба сатҳи пеш аз пандемия бармегардад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки тақрибан ба тамоми манотиқи ҷаҳон сафар кардаанд, якбора афзоиш ёфтааст.
«Барқароркунии соҳаи сайёҳӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо бартараф кардани мушкилоте, ки дар роҳи он пайдо мешаванд, суръат мегирад», — гуфт Дабири кулли Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳарос дорад, ки масъалаҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ метавонанд дар моҳҳои боқимондаи соли 2022 ба рушди сайёҳӣ таъсир расонанд.
Аврупо нисбат ба панҷ моҳи аввали соли 2021 беш аз чор маротиба сайёҳони бешумори байналмилалиро қабул кардааст, ки 350% зиёд аст. Ба ин талаботи баланди дохилиминтақавӣ ва лағви тамоми маҳдудияти вобаста ба сафар барои шумораи зиёди кишварҳо мусоидат намуд.
Аврупо ва Америка дар барқарорсозии сайёҳӣ пешсафанд
Аврупо назар ба панҷ моҳи аввали соли 2021 аз чор маротиба бештар сайёҳони байналмилалиро қабул кардааст, ки 350% зиёд аст. Ба ин талаби қавии дохилиминтақавӣ ва лағви тамоми маҳдудияти сафар дар шумораи афзояндаи кишварҳо мусоидат кард.
Дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ташрифи сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз ду баробар афзуд. Аммо, суръати ин барқароршавӣ бо натиҷаҳои заиф дар соли 2021 алоқаманд аст. Дар маҷмӯъ, ташрифи сайёҳон дар ҳарду минтақа ҳанӯз ҳам мутаносибан 36% ва 40% аз сатҳи 2019 пасттар аст.
Баъзе масирҳои сайёҳӣ аз сатҳи соли 2019 гузаштаанд, аз ҷумла Ҷазираҳои Вирҷинияи ИМА, Сент-Мартен, Ҷумҳурии Молдова, Албания, Гондурас ва Пуэрто-Рико. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сайёҳӣ дар қатори соҳаҳое, ки дар давраи пандемия аз ҳама бештар осеб дидааст, тадриҷан раҳо мешавад.
Хароҷот барои саёҳат ва даромади кишвари мизбон
Хароҷот барои саёҳат низ меафзояд. Хароҷоти байналмилалии сайёҳон аз Фаронса, Олмон, Италия ва ИМА аз 70 то 85 дарсади он чизеро, ки қабл аз пандемия сарф мекарданд, ташкил медиҳад. Хароҷоти сайёҳон аз Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва Қатар аллакай аз сатҳи соли 2019 гузаштааст.
Аз ҷиҳати даромад аз сайёҳии байналмилалӣ кишварҳое, ба мисли Молдова, Сербия, Ҷазираҳои Сейшел, Руминия, Македонияи Шимолӣ, Сент-Люсия, Босния ва Ҳерсеговина, Албания, Покистон, Судон, Туркия, Бангладеш, Салвадор, Мексика, Хорватия ва Португалия онро аллакай пурра дар сатҳи пеш аз пандемия барқарор карданд.
Акс: UNWTO








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






