БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Қалъаи бостонии Кӯлоб барқарор мешавад

Август 29, 2022 09:19

КӮЛОБ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 100 иншооти шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома дошта, то арафаи ҷашни фархунда мувофиқи нақшаи дурнамо 462 адади он ба истифода дода мешаванд.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб сохтмони қалъаи Кӯлоб идома дорад, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги сокинони ин минтақа нақши муҳим мегузорад. Дар иншооти барқарорсозии қалъаи бостонии Кӯлоб дар айни замон 3 пудратчӣ- ҶДММ «Сайёр», ҶДММ «Ҷобир сохтмон» ва ҶДММ «Ниагара-а» фаъолият дошта, кӯшиш доранд корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Қалъаи шаҳри Кӯлоб муаррифи таърих, фарҳанг ва сиёсати он дар масири таърих ба шумор меравад. Шаҳри Кӯлоб чун яке аз шаҳрҳои қадимии суннатии тоҷикон дар тӯли таърихи 2700-солаи худ борҳо бозсозӣ гашта, вобаста ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат тарҳи он тағйироти куллӣ дидааст. Бо мақсади дар оянда ба таври ҳамаҷониба муаррифӣ намудани ин шаҳри бостонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Кӯлоб сохтмони қалъаи қадимӣ ба роҳ монда шудааст, ки насли оянда аз таъриху тамаддуни он бархурдор мегардад. Иншоот дар маркази шаҳр бо машварати олимону мутахассисон ва бостоншиносон бунёд гардида, зимни навсозӣ рукнҳои сохтмонии аҳди қадим риоя карда мешаванд. Бунёди қалъаи мазкур соли 2018 оғоз гардида буд.

Корманди Маркази ҳамоҳангсозии шаҳр Худойдод Зуҳуров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «барои анҷоми муваффақонаи корҳои сохтмонӣ беҳтарин ширкатҳои сохтмонии ватанӣ бо мутахассисони варзида ҷалб карда шуда, дар айни замон беш аз 60 нафар коргарон ба корҳои андоваю оҳану бетонӣ ва бунёди деворҳои қалъа машғуланд. Коргарон аз маҳсулоти босифати сохтмонӣ ва техникаи соҳавӣ васеъ истифода мебаранд. Мутахассисони фармоишгар — Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати онро назорат мебаранд».

Мавриди зикр аст, ки қалъаи Кӯлоб дар шафати маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ бунёд гардида истодааст. Сайёҳони дохилию хориҷӣ минбаъд имкон пайдо менамоянд, ки дар як маврид аз онҳо дидан намуда, бо таъриху фарҳанги сокинони ин шаҳри бостонӣ шинос шаванд”.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 29, 2022 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд