Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2661 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд

Август 3, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта 2661 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз ин беморӣ 2290 нафар шифо ёфтаанд. Дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 хабар медиҳад.

Ба ҳолати 3 август 27 747 нафар муолиҷа аз ИКС (идоракунии клиникии сироят)-ро идома медиҳанд (27498 ИКС+ ва 249 ИКС-), ки аз ин шумора 1505 нафар беморон дар беморхонаҳо ва 26 242 нафар ба таври амбулаторӣ табобат мегиранд.

Аз мубталоён бо ИКС+ ва ИКС- 32 бемор дар ҳолати вазнин, 8 бемор дар ҳолати шадид ва 3 нафар таҳти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор доранд.

Аз оғози пандемия дар кишвар 1 357 276 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Дар маҷмӯъ, дар кишвар 1 316 110 нафар аз COVID-19 шифо ёфтаанд.

Вазири тандурустӣ Ажар Гиният дирӯз ба сокинони пойтахт ва субъектҳои соҳибкорӣ бо дархости риояи чораҳои пешгирикунанда бинобар афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар шаҳр муроҷиат намуд.

«Дар Нур-Султон, ки дар минтақаи «зард» ҷойгир аст, чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки шумораи зиёди одамон дар биноҳои пӯшида баргузор мешаванд, дар баробари ин тавсияҳо оид ба пӯшидани ниқобҳо ва масофаи иҷтимоӣ риоя намешаванд»,-изҳор дошт Ажар Гиният зимни ҷаласаи Ҳукумат.

«Барои ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ ва мутаносибан фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бидуни маҳдудият, бори дигар ба субъектҳои хоҷагидор муроҷиат намуда, хоҳиш менамоям, ки дар объектҳо ҳолати санитарию беҳдоштиро риоя намоянд ва бехатарии аҳолиро ҳангоми гирифтани хизматрасониҳо таъмин созанд»,- изҳор намуд Вазир.

Қаблан хабар дода шуд, ки афзоиши бештари гирифторӣ ба коронавирус дар шаш вилояти Қазоқистон ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин тадбирҳои маҳдудкунанда барои минтақаи «сурх» низ ном бурда шуданд — дар сурати ворид шудан ба он тадбирҳои маҳдудкунанда дар ду марҳила андешида мешаванд.

АКС: Reuters

Август 3, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд