Дар Душанбе ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид

Август 30, 2022 15:18

ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров масъалаҳои марбут ба муносиботи Тоҷикистон ва Озарбойҷон, алахусус ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ҳарду мамлакат баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду мамлакат ёдовар шуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши алоқаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ иброз доштанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Август 30, 2022 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд