Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон доир шуд

Август 16, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 16.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 то 15 август бори нахуст дар шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор гардид.

Дар чемпионат 6 давлат аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишвари мизбон- Тоҷикистон дар ҳайати 60 нафар варзишгарон иштирок намуда, дар намуди фардӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ рақобат намуданд.

Дар бозии финалии Чемпионати минтақавии Осиёи марказӣ оид ба бадминтон аз рӯйи рақобати инфиродӣ миёни ҷавонони то 15-сола ва рақобати ҷуфтӣ миёни бонувони то 17-сола сабқат доир гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода, Президенти Конфедератсияи бадминтони Осиё Антон Субаво ва ноиби Президенти Федератсияи ҷаҳонии бадминтон Ҷассем Кансо ба ғолибон ва ҷоизадорон дар намуди фардӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ ҷоизаҳо тақдим гардиданд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Август 16, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд