Дар Хадамоти гумрук муқаррароти Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав муаррифӣ шуданд

Август 19, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, пеш аз ҳама, ба боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани фазои муносиби андозбандӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ нигаронида шудаанд, зикр шуд дар ҷаласае, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Кумитаи андоз ва ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи марказии хадамот доир шуд.

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони Кумитаи андоз- муовини сардори Раёсати қонунгузорӣ Собир Вазиров, сардори шуъбаи Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Обиди Муҳаммадсаид ва мутахассиси пешбари Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон- Шоҳруххон Ҳусайнов оид ба тағйирот ба таҳрири нави Кодекси андоз ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки ҳадафи асосии таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав- ҳавасманд намудан ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ буда, аввалин маротиба принсипҳои андозбандӣ, аз ҷумла принсипи ягонагии системаи андоз, адолати андозӣ, муайянӣ ва мушаххасии андозбандӣ, шаффофияти қонунгузорӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, эътимоднокӣ ба мақомоти андоз дар боби алоҳида пешбинӣ шудаанд. Инчунин бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, сарфаи вақт ва кам кардани хароҷоти онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ кам намудани ташрифи кормандони макомоти андоз ба фаъолияти андозсупорандагон ва халалдор насохтани фаъолияти онҳо дар Кодекси андози нав пешбинӣ гардидааст.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав имтиёзҳои андозии амалкунанда нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон дар он ҷиҳати таъмини рақобатпазирии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини шаффофияти фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва дар ин замина, коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ, зиёд намудани даромадҳои буҷети давлатӣ, ҳамоҳанг намудани меъёри андозҳо бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии кишвар нисбат ба меъёрҳои андозҳо бознигарӣ шуда, якчанд имтиёзҳо ва сабукиҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз номгӯи андозҳо хориҷ гардида, андози фоида бо андози даромад ва андоз аз воситаи нақлиёт бо андозҳо аз молу мулк муттаҳид гардидаанд.


Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади аз андозбандӣ озоди шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд гардида, меъёрҳои андози даромади шахсони воқеӣ, ки 8 ва 13 дарсадро ташкил медод, бо меъёри 12 дарсад иваз гардидааст.

Дар анҷом зикр гардид, ки бо мақсади ба шаҳрвандон, мутахассисон ва андозсупорандагон фаҳмонидани муқаррароти Кодекси нави андоз нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Ҳамчунин барои дарёфти маълумоти бештар оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав шаҳрвандон метавонанд ба маркази тамоси Кумитаи мазкур бо рақами содакардашудаи 151 ва сомонаи Кумитаи андоз муроҷиат намоянд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид