Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид

Август 20, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» 19 август дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Изатулло Ҳурматзода ва ҳайати шахсӣ вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳадафи ҳамоиш аз омӯзиши моҳият, мазмун, тарзу усул ва роҳҳои самараноки таъмин намудани талаботи ин барномаи зиддифасодӣ иборат буд.

Дар ҳамоиш сарнозири Раёсати хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Алишер Насимӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳо зимни азнавтаҳлилкунӣ ва азнавбаҳодиҳии фаъолият ва санҷиши ҳолати иҷрои «Стратегия давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Хадамоти гумрук ибрози назар намуд.

Зикр шуд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ба самти коррупсия нигаронидашуда то давраи қабули «Стратегия давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» дар миқёси кишвар ду маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо Фармони Президенти мамлакат соли 2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардиданд, ки бозгӯи талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати решакан намудани ин падидаи номатлуб мебошанд.

Дар ҳамоиш оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароите, ки ба содир намудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, ибрози назар карда шуд. Гуфта шуд, ки хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти гумрук бояд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ хавфҳои коррупсиониро пешгирӣ намуда, ба он роҳ надиҳанд.

Дар ҷаҳони имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфта, тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш менамоянд, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гиранд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?