Дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби ҲХДТ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №62 пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсияи XXXVI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №62 баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Дар кори Конференсия Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳиддин Усмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона Мунира Каримова, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода, Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов ва ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода иштирок намуданд.
Вобаста ба масъалаи рӯзномаи конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оид ба шарҳи ҳоли номзади пешбаришаванда аз ҲХДТ Фаррух Хушвахтзода маълумот дод.
Дар конференсия номзадии Фаррух Хушвахтзода аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №62 пешбарӣ гардид.


Аз рӯи масъалаи дуюм дар бораи таъсиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини сулҳу субот иброз дошт, ки дар ташаккули афкори ҷомеа нақши ВАО хеле муҳим аст ва имрӯз рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва ба вижа интернет дар ташаккули афкори ҷомеа таъсири чашмрас мерасонанд.
«Матбуоти тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ ба мавзӯи ҳимоят аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва хештаншиносӣ таваҷҷуҳи шоиста дода, саҳифаҳои зиёди худро дар тарбияи ватанпарастӣ ва хештаншиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас вомегузорад, ки ин инъикоскунандаи тарғиби хештаншиносии миллӣ ва ватанпарастӣ дар саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ мебошад»,- афзуд Шоҳона Одиназода.
Зикр гардид, ки Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолнокӣ нишон додан бояд ба маводи бардурӯғу фитнаангезе, ки хилофи сисёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона мегарданд, вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳад.
Дар конференсия Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳисоби ташкилоти ибтидоии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Аниси халқ», «Бонувони Тоҷикистон», «Қалами созанда» ва «Боҷу хироҷ» таъсис дода шуд.
Дар фарҷоми конференсия оид ба масъалаи баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд






