Дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиа масъалаи роҳ надодан ба исрофкорӣ ва амалҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд

Август 13, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷамъомади методӣ-таълимӣ баргузор гардид, ки иштирокчиёни он оид ба пурзӯр намудани назорат аз болои хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд, ҷамъомади методӣ-таълимӣ бо иштироки сардорони шуъба ва хадамоти молияи раёсатҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссариатҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ва дигар ҷузъу том доир гардид.

Ҷамъомади методӣ- таълимӣ аз ҷониби афсарони масъули Раёсати молия ва буҷети ин ниҳоди қудратӣ ҷараён гирифта, зимни он мавзӯъҳои ба нақшагирифташуда оид ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, натиҷагирӣ аз санҷишҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ дар ҷузъу томи вазорат, таъйинот ва тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва дигар мавзӯоти марбут ба соҳаи молия мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар ин чорабинии омӯзишӣ талаботи бандҳои алоҳидаи қонунҳои амалкунанда, аз қабили Қонун «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав, Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», Низомномаи таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи молия муҳокима гардида, вобаста ба иҷрои он ва корбарӣ дар соҳаи ҳуҷҷатҳои молиявӣ роҳу усулҳои нав пешниҳод гардиданд.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Август 13, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад