Дар шаҳри Бӯстон оид ба таъсири манфии коррупсия ба раванди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабинии муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо аҳли ҷамоати шаҳри Бӯстон мулоқот доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода, корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Пайрав Умарзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, ходимони дин, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоат ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилии дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Фасод ё коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаву муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон тамоми имконияти худро ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ равона намудааст.
АКС: МИҲД ш. Бӯстон








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






