Дар Тоҷикистон барномаи нав ба маблағи 22 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад

Август 30, 2022 09:54

ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Швейтсария амалӣ намудани барномаи нави ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022‐2025 ба маблағи 22 миллион доллари амрикоӣ дар нақша дорад. Ин матлаб 29 август зимни мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо Директори дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Саломе Стейб ва дигар намояндагони шарикони рушд баён гардид.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот сардори амалиёти Котиботи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Мартин Саладин, директори иҷроияи Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист Наваб Хан, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Риоев, Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, Директори генералии ширкати барқии «Помирэнерҷи» Амрихон Раҳимов ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар доираи «Барномаи рушди устувории шаҳри Хоруғ» ва самти электросификатсияи деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори иҷроияи Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист Наваб Хан доир ба амалишавии лоиҳаҳо дар доираи «Барномаи рушди устувории шаҳри Хоруғ», аз ҷумла коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва соҳилбандӣ маълумот пешниҳод намуд.

Директори генералии ширкати барқии «Помирэнерҷи» Амрихон Раҳимов аз ҳамкории судманд бо Котиботи Швейтсария оид ба рушд ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла ба истифода додани зеристгоҳи 110 кВт дар шаҳри Хоруғ, сохтмони зеристгоҳ ва хати интиқоли барқи 110 кВт Хоруғ‐Себзор, амалисозии лоиҳаҳои хатҳои интиқоли барқи 04 ва 10 кВт ва кам кардани талафоти неруи барқ маълумот дод.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки ««Барномаи рушди устувории шаҳри Хоруғ» бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор оварда шуда, якумин таҷрибаи пилотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дониста мешавад. Бо татбиқ гардидани ин лоиҳа дар вилоят имконияти амалӣ намудани он дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фароҳам оварда мешавад».

Ҳоло дар амалишавии баъзе лоиҳаҳои «Барномаи рушди устувории шаҳри Хоруғ», аз ҷумла фаъолияти насосҳои обкаш дар маҳаллаи Тирчид тавассути панелҳои офтобӣ, соҳилбандӣ дар бозори марказӣ, таъмири каналҳои ирригатсионии «Шошхоруғ», «Додхудоев» ва «Темур», банақшагирии таҷдиди инфрасохтори об ва ташноб корҳо ҷараён доранд.

Раиси вилоят иброз намуд, ки маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд системаи барқии вилоят ба шабакаи ягонаи ҷумҳуриявӣ пайваст гардида, дар сурати эҳтимолии рух додани садама дар неругоҳҳои вилоят таъмини қувваи барқ аз ҳисоби шабакаҳои барқдиҳии ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин замина ба истифода додани неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ дар солҳои баъдӣ ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ мусоидат менамояд.

Намояндагони шарикони рушд изҳори боварӣ намуданд, ки доир ба лоиҳаҳое, ки амалишавиашон бо сабабҳои гуногун ба таъхир гузошта шудааст, корҳо ҷараён дошта, дар назар аст то охири сол баъзеашон татбиқ гарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Август 30, 2022 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд