Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Андрей Руденко мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати ҶТ дар ФР хабар доданд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкории ду кишвар масоили марбут ба рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Миёни ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идомаи мулоқот ҳайати Русияро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.
АКС: Сафорати ҶТ дар ФР








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






