Дар Узбекистон Форуми минтақавии нозирони давлатии меҳнати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия доир мешавад
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9-12 август дар Узбекистон нахустин Форуми минтақавии давлатии нозирони меҳнат, ки аз ҷониби Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ ташкил шудааст, баргузор мегардад. Дар форум 60 коршинос аз Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА».
Нозироти давлатии меҳнат ҷузъи муҳими системаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ буда, вазифаи асосии истифода ва риояи самараноки қонунҳои меҳнатиро иҷро менамояд.
Шароити кори нозирон дар таъмини сифати умумии кори тафтишотӣ нақши калон мебозад. Тақрибан 175 сол боз нозирон дар саросари ҷаҳон барои беҳтар кардани шароити кор дар бисёр самтҳо кор мекунанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии форум таҳкими ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар таҳия ва татбиқи сиёсат дар соҳаи назорати давлатӣ ва соҳаи меҳнат, баланд бардоштани сатҳи дониш, самаранокӣ ва натиҷабахшии меҳнат ба василаи гузаронидани машварати омӯзишӣ ва табодули таҷриба мебошад.
Аз рӯи натиҷаҳои форум роҳҳои ягонаи воридкунии механизмҳои нави таъминсозии шароити меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, минҷумла рушд ва устуворгардонии иқтидори ҳуқуқӣ ва ташкилотии Нозирони меҳнати кишвари мо таҳия карда хоҳанд шуд.
Дар баробари ин форум ба ташаккули ҷомеаи нозирони меҳнати ҷавон, ки дар раванди ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон ва манфиатҳои корфармоён, инчунин таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва некӯаҳволии меҳнаткашон фаъолона иштирок мекунанд, мусоидат хоҳад кард.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






