Директори ММТ Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Имсол дар Тоҷикистон ба низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ 6 муассисаи дигар ҳамроҳ шуданд

Август 4, 2022 13:03

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 6 муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) зам гардид, ки аз он 3 адад муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 3 адад муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад, иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода.

«Имсол ба низоми ИМД муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон», филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Коллеҷи сайёҳӣ ва хидмат дар шаҳри Ваҳдат (хусусӣ), Коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ (ғайридавлатӣ) ва Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки муассисаҳои навтаъсисанд, дохил гардиданд»,- гуфт мавсуф.

Ҳамчунин зикр шуд, ки шумораи умумии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки соли равон қабули донишҷӯён ба онҳо ба воситаи низоми ИМД ба роҳ монда шуд, ба 109 адад расид. Аз он 39 адад муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 70 адад муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.

Ба иттилои Сабзалӣ Ҷаъфарзода, соли равон барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тавассути ИМД тибқи нақшаи қабули донишҷӯён 62 288 ҷой ҷудо гардида буд, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2021 6465, яъне 11,58 фоиз зиёд аст. Аз шумораи ҷойҳои ба донишгоҳу донишкадаҳо ҷудогардида 11 048 ҷой барои таҳсили ройгон ва 51 240 ҷой барои таҳсили пулакист.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2022 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд