ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи мазкур мавриди таҳлил қарор мегирад

Август 22, 2022 09:13

ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кӯчаву роҳҳои ҷаҳон беш аз як миллиард нақлиёти мусофирбар мавҷуд буда, то соли 2040 ин рақам метавонад тақрибан ду баробар афзоиш ёбад. Ин дар ҳолест, ки нақлиёти автомобилӣ чаҳоряки тамоми партовҳои газҳои гулхонаиро ташкил дода, ба ҳавои атмосфера ва тағйирёбии иқлим таъсир мегузорад. Дар робита ба ин Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш дар Конфронси иқлим дар Катовитсе ҷомеаи ҷаҳонро даъват намуд, ки ба нақлиёти барқӣ гузаранд.

Тибқи маълумоти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд, то соли 2030 дар кӯчаҳои шаҳру маҳаллаҳо  20 миллион мошини дорои муҳаррикҳое, ки на бо сӯзишворӣ ё дизел, балки бо батареяҳои барқӣ ҳаракат мекунанд, боқӣ хоҳад монд. Барои муқоиса, имрӯз шумораи чунин воситаи нақлиёт беш аз 5 млн ададро ташкил медиҳад.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба рушди нақлиёти барқӣ Антониу Гутерриш ёдовар шуд, ки дар Созишномаи Париж давлатҳои тамоми ҷаҳон ваъда додаанд, ки гармшавии глобалиро дар муқоиса бо давраи пеш аз саноатӣ дар ҳудуди 2 дараҷа ва дар сурати имконпазир то 1,5 дараҷа нигоҳ медоранд. Барои ин фавран кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ зарур аст.

Ба андешаи коршиносони соња электрификатсия ё гузариши нақлиёт ба истифодаи барқ унсури асосии беҳтар намудани вазъи экологии нақлиёти шаҳр буда, барои кам шудани партовҳои газҳои зарарноки гулхонаӣ дар шаҳрҳо замина мегузорад.

«Бештари кишварҳо ва минтақаҳо дар бораи нақшаҳои тадриҷан даст кашидан аз мошинҳои сӯзишвории истихроҷшаванда ва гузаштан ба мошинҳои барқӣ гузориш медиҳанд. Дигар давлатҳо барои зиёд кардани ҳаҷм ё ҳиссаи нақлиёти барқӣ то солҳои 2020-2030 ҳадафҳои мушаххас гузоштаанд», — изҳор доштааст Антониу Гуттериш.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари ташаббускори масоили обу иқлим ва узви фаъоли СММ яке аз ҳадафҳои таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро маҳз дар гузариш ба нақлиёти барқӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии тағйирёбии иқлим  арзёбӣ менамояд.

Тафсилоти бештар вобаста ба аҳамияти истифодаи электромобилҳо ё нақлиёти бо барқ ҳаракаткунанда дар кам кардани хориҷшавии газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» бо иштироки мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқҷон Нуралихонзода дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода ва коргардон Сӯҳроби Нуриддин пешниҳоди шунавандагон мегарданд.

Август 22, 2022 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад